Пешрави ҷомеа аз сарҷамъии ҷамъият

КОНИБОДОМ. Санаи 18 октябри соли ҷори Ҳоҷиев Ф мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади фаҳмонидани  додани мақсаду мароми  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзоёни нави ҲХДТ бо омӯзгорони Литсейи касби саноати дӯзандаги вохӯри гузаронида шуд. Дар вохӯри Ҳоҷиев Ф  баромад намуда, оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият ва мақсаду мароми ҲХДТ-ро фаҳмонида омӯзгоронро даъват намуд, ки дар зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем, зеро, ки сиёсати он барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварамон нигаронида шудааст. Ҳамзамон дар вазъияти тантанави ба 5 нафар омӯзгорони ҷавон ва фаъол шаҳодатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд. Дар охир директори Литсейи касби саноати дӯзандагӣ аъзои фаъоли ҲХДТ Раҳимҷонова З баромад намуда қайд кард, ки мо доимо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварамон ва ҲХДТ дастгири мекунем ва хоҳем кард, зеро ки пешравии ҷомеаи мо тоҷикон аз сарҷамъии ҷамъият аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>