Вохӯрӣ бо занони хонанишин

ГУЛИСТОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  оид ба омӯзиши муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» бо занони хонанишин вохӯрӣ баргузор намуд. Дар вохӯрӣ мақсад ва моҳияти Қонуни мазкур ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қонун ба манфиати шаҳрвандон равона карда шудааст. Бояд, ҳар як шаҳрванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро риоя намуда, мутобиқи он амал намояд. Иҷроиши  Қонуни мазкур мусоидат ба он менамояд, ки сатҳи камбизоатии мардум паст карда шавад. Кулли иштирокчиёни вохӯрӣ ҷонибдории худро нисбат ба  Қонун баён намуданд ва қайд гардид, ки зеро исрофкорию хароҷотҳо то ба дараҷае расида буданд, ки гузаронидани  ҷашну маросимҳо бори гароне барои мардум гардида буд. Онҳо бо сахтӣ маъракаҳоро гузаронида, муддатҳои дароз барои баргардонидани қарз ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд ва моҳияти аслии зиндагиро дарк намекарднд. Инро иштирокчиёни вохӯрӣ зимни сӯҳбат баён намуданд. Ҳамин тавр, татбиқи амалии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  имконият медиҳад, ки пеши роҳи исрофкорӣ, хароҷотҳои зиёд, афзоиши унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлидкорӣ гирифта шаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>