Сафи аъзои ҳизб меафзояд

ПАНҶАКЕНТ. Баҳри ҷалби аъзоёни нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент корҳои фаҳмондадиҳиро  ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд. Дар ташкилоти ибтидоии »Беморхонаи минтақавии шаҳраки Суғдиён»  муовини раис мудири шъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Тошева Парвина дар фазои тантанавӣ ба 22 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорд. Тошева Парвина зимни мулоқот бо аъзоёни нав қабулгардида зикр намуд, ки ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботӣ барои фаҳмондадиҳӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол бошанд. Боят таъкид намуд, ки ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботи ташвиқотӣ барои ҷалби бештари аъзо фаъол бошанд. Сафи ҳизбро мо бояд аз ҷавонону фаъолон, шахсони ватандӯсту ватанпараст зиёд намоем. Қабули аъзоён ба сафи ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>