Аксия доир гардид

IMG_3237

ГУЛИСТОН. Дар Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ» тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ ва аксия  бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор 2018-2028»  баргузор гардид.  Вохӯриро директори муассиса Гадоева С.Б. ифтитоҳ намуд. Оид ба мавзӯи асосӣ «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор 2018-2028», Терроризм вабои аср,  Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода мудирони шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон  Раҳимова М.А. ва Раҷабова Г.М маърӯза намуданд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ эълон намудани соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳар як инсон бояд ҳунарманд бошад ва ҳунармандиро пеш аз ҳама аз инкишофи шуури худ оғоз намояд, далели барҷастаи муносибати оқилонаву башардӯстонаи Пешвои муаззами тоҷикон нисбат ба об, ки мо мардуми соҳибистиқлол онро ба пуррагӣ якдилона дастгирӣ менамоем, об бузургтарин неъмати моддии оламу ҳастӣ, ҷавонон ояндаи миллат ва Тоҷикистони азиз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризм вабои аср  дар маърӯзҳо  зикр карда шуд.  Вохӯрӣ бо аксияи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор 2018-2028» ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>