Мулоқоти раиси КИ ҲХДТ бо вакилон

IMG_20181024_091459

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади ба амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон  дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо вакилон мулоқот доир намуд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод зимни мулоқот, оид ба аҳамияти таърихи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва роҳи рушди босуботи Тоҷикистон ва инчунин дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроия ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани корҳои тарғиботӣ дар мавзӯҳои муҳими рӯз, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, «Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», 5500 солагии Саразми бостон, дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои фархунда ба ҳизбиён дастур дод. Дар охир раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шукурзода М, зикр намуд, ки ҳар яки мо барои корҳои ободонӣ дар ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли ҷавони воқеан фаъолу соҳибмаърифат ва бунёдкор, ҷалб намудани қувваи фаъоли ҷомеа ба сафи ҲХДТ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар санаҳои  фархунда саҳми арзандаи худро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>