Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ЛКТ

20181026_113134-1

СПИТАМЕН Дар ташкилоти ибтидоии  Литсейи касбии техникӣ   бо иштироки кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен  дар  бораи татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ва гурӯҳҳои экстрамисти ва террористӣ” вохӯрии судманд ташкил карда шуд. Дар вохӯрии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ЛКТ А. Муҳибуллоев, сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия У. Муҳитдинова,  мутахассиси омори кумитаи иҷроия А.Шукурова, кормандон ва донишҷӯёни ЛКТ иштирок намуданд. Сараввал раиси ташкилоти ибтидои А.Муҳибуллоев баромад намуда суханро ба У.Муҳитдинова дод.  Дар баромади худ ӯ дар бораи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ оиди проблемаи глобалӣ табдил гардидани  коррупсия, роҳҳои пешгирии  холатҳои коррупсиони, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстрамистӣ ва террористӣ,  бурдани корхои тарғиботию ташвиқоти  дар байни ҷомеа  гуфта гузашт. Шахси  масъули  ташкилоти ибтидои  Х. Бобоҷонова    низ  оиди  холатҳои манфии  коррупсионӣ ва оид ба аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ дар байни ҷаваонон  гуфта гузашт. Сипас оиди мавзӯҳои   мазкур аҳли толор низ  фикри  андешаҳои худро  баён  намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>