Мулоқот дар ташкилоти ибтидоии Ҷамаоти деҳоти Хурмӣ

20181023_082053

ПАНҶАКЕНТ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Хурмӣ» ва ҶСК «Д.Даварон» вохурӣ баргузор намуд. Дар ин вохурӣ Шукурзода Мурод оид ба сари вақт ва пурра иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Фарвардин» инчунин оиди баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятии ВНМО ПИЧ\СПИД гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои суханрони намуда қайд намуд, ки сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хеле зиёданд, аммо беш аз ҳама ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ – надоштани донишҳои кофии диниву дунвӣ мебошад. Инчунин Шукурзода Мурод дар охир зикр намуд, ки баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар кардани илму дониши кӯдакону наврасон, тарғиби зиндагии солим ва шоистаи ҷавонон ва дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб саҳми ҳар яки мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фардро зарур аст, нисбати кору рафтори худ дар назди оила, наздикон ва ҷомеа ӯҳдадор ва масъул бошад, зеро тамоми мушкилоти зиндагӣ, хосса, проблеммаҳои саломатӣ аз рафтори ҳар нафар вобаста аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>