«Анделеб-2018» чеҳраҳои навро бозгӯ намуд

1540545745_5bd2dcd1c0d86

КОНИБОДОМ. Дирӯз бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳаваскорони санъати тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018»-ро эълон намудааст. Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат даври дуюми фестивал, яъне даври вилоятии он идома дорад. Дар қасри фарҳанги «Бодом»-и шаҳри Конибодом баромади дастаи ҳаваскорони шаҳрамон манзур гардид. Намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, ки даромадгоҳи кохи фарҳангро оро медод, асосан аз ҷониби коллеҷхои омӯзгорӣ, тиббӣ, литсейи касбии саноати дӯзандагӣ, маориф, ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон, Патар,  Ҳамробоев ва Ғафурҷон Ортиқов омода гашта буд. Хоса, дастранҷи пешкашнамудаи ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ, ки беш аз 20 намуди ҳунарҳои дастиро фаро мегирифт, қобили таваҷҷуҳ буд. Диққати ҳайати ҳакамонро махсусан, ҳунари ресандагӣ, кулолгарӣ, кешбофӣ, кандакорӣ, рассомӣ, сабадбофӣ ва пазандагӣ, ки онҷо амалан пешкаш гардид, ҷалб намуд. Дар қисмати фарҳангии озмун махсусан, дастаи ҳунарии раёсати маориф, беморхонаи марказӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, бахши фарҳанги шаҳр ва ҷамоати деҳоти Пӯлодон фаъолона иштирок ва баромад намуда, аз рӯйи 14 номгӯи барномаи «Андалеб» ҳунарнамоӣ карданд. Суруди ҳамсароён, намоиши либосҳои қадима ва миллӣ бо омезиши тарҳи муосир, сюитаи овозию рақсӣ, навозиши умумӣ, лапар ва порча аз анъанаҳои мардумӣ (арӯсбарон), рақси якка басо мафтункунанда ва ҷолиб буд. Ҳайати ҳакамон ва иштирокдоронро махсусан, баромади Манижа Мирзоҷонова (дар бахши суруди якка), Азиза Ҳайдарова (суруди классикӣ), Дилноза Насибова (қироати шеър), Меҳрона Бердиева (рақси якка) муассир сохт. Дар фарҷом ҳайати ҳакамон, ки иборат аз мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанги вилояти Суғд буд, дар маҷмуъ ба ҳунарнамоии дастаи ҳунармандон ва ҳаваскорони шаҳрамон баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки дастаи ҳунарии шаҳри Конибодом бо соҳиб шудан бо 133 хол натиҷаи баландтаринро дар ҳолати ҳозира байни шаҳру навоҳии дигар ба даст овард. Мудири кабинети методии Раёсати фарҳанг Олимҷон Юсуфов, зикр кард, ки ҳаваскорони шаҳри бостонии Канд имсол дар “Андалеб” чанд нафар чеҳраҳои навро рӯи саҳна оварданд, ки бурди шаҳр аст ва ин соҳибистеъдодҳои наврасу ҷавонро бояд дастгирӣ намуд, то дар оянда идомабахши фаъолияти пурсамари ҳунармандони номии Конибодом гарданд. Ёдовар мешавем, ки баргузории даври аввали озмун мазкур байни ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳрамон то санаи 20 октябр соли равон сурат гирифта буд. Мақсад аз баргузории Фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 27-соли Истиқлолияти давлатии мамлакат буда, дар таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва қазовати нерӯҳои зеҳнии муассисаҳои фарҳангӣ, тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус, насли наврас  мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>