Фестивал-озмуни эҷодиёти халқ “Андалеб”

деваштич андалеб

ДЕВАШТИЧ. Дар ноҳия даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2018» баргузор гардид. Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2018» ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мақсад аз баргузории фестивал – озмун рӯйи саҳна овардани чеҳраҳои нав, намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ноҳия тавассути Фестивал — озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ноҳияро ба тамошобинон нишон додан аст. Бо ҳамин мақсад дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дасти ҳунармандони намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия оғоз гардид. Инчунин аз рӯйи шартҳои озмун аз қабили қироати шеъру суруд, намоиши либосҳои миллии кӯдакона, занонаю мардона мутобиқ ба замони муосир, саҳначаю рақсҳои ҷаззоб намоиш дода шуд.  Аз ҷониби ҳакамон ба барнома баҳои баланд дода шуда, барои иштироки фаъолона ба чанд нафар Сипосномаи Раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>