Машварати навбатии «Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ»

1540629092_5bd4226433a75

КОНИБОДОМ. Дар тарабхонаи «Фарогат»-и шаҳр машварати навбатии «Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ» бо навхонадороне, ки баъди муддате қадам ба ҳаётимустақилона мегузоранд, баргузор шуд. Мутахассисони соҳаҳои тиб, равоншиносӣ ва ходимони дин ба навхонадорон бобати маърифати оиладорӣ, одоби муошират бо аҳли хонавода, риояи талаботҳои гигиенаи шахсӣ, эҳтироми тарафайн ва амсоли инҳо ҳарф зада, онҳоро ба роҳи дурусту умедбахши зиндагӣ роҳнамоӣ карданд. Хуршеда Холматова- муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба сухан баромада, аз ҳаёти гузашта ва имрӯз мисолҳо овард ва духтаронро ба таҳаммулпазириву ботамкинӣ даъват намуд. Фикру мулоҳизаҳои ҷавонон низ шунида шуда, аз тарафи мутахассисон маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>