Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа

1540549210_5bd2ea5acf24c

ИСФАРА. Дирӯз дар бо иштироки фаъолону ходимони дини шаҳрҳои Конибодом ва Исфара конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа» баргузор гардид. Дар конфронс Раиси Кумитаи дин,танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва дигар мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, инчунин мудирони шуъбаҳои маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ  намуданд.   Зимни суханронӣ дар мавзӯъҳои «Усули таҳаммулпазирӣ дар таълимоти исломӣ ва нақши он дар муносибатҳои байналмилалӣ»,  “Дифоъ ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва чандгонагии фарҳангӣ», «Ғояи таҳаммул дар осори ниёгон ва нақши он дар тарбияи ахлоқӣ-иҷтимоии наврасону ҷавонон» вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз қабили зуҳуроти номатлуби афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ, қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, аз ҷумла ҷавонони саодатманди замони истиқлолият мебошад. Дар ин раванд вазифаи насли калонсол, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки наврасону ҷавононро аз вазъи пурмоҷарову пуртазоди ҷаҳон дуруст хабардор намуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунанд. Қайд карда шуд, чӣ хеле Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар конфронси  4 майи соли 2018 таъкид карданд, ки «Таърих ва таҷрибаи халқи бисёр кишварҳои олам аз ҷумла, Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва тадбирҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид». Дар охири конфронс бархе аз иштирокчиён ба музокира баромаданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>