Як рӯзи бобарор ва хотирмони тирамоҳӣ

1222

ХУҶАНД. Тоҷикистон чун кишвари агросаноатӣ барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти хосса медиҳад. Зеро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад. Барои амалӣ шудани  ин ҳадафи созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ мусоидати бештар менамояд. Тибқи омори расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд ҳудуди 5 ҳазор хоҷагиҳои дехқонӣ фаъолияти бомаром доранд. Солҳои охир бинобар замин соҳиби аслии худро ёфтан, кишоварзон роҳҳои баланд бардоштани самараноки меҳнатро ҷӯё мешавад. Коршиносони соҳа бар онанд, ки махсусан кишти пунбадона ва парвариши он барои кишоварзон нафъи бештар меоранд. Айни замон чидани ҳосили бо ранҷ пухта расида вусъати тоза касб намуда, саҳмдорон бо кӯмаки ҳашарчиён баҳри беталаф ғунучини он кӯшиш мекунанд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри ҳавасмандии чинакчиён анъанаи пешини ҷамъбасти даҳрӯзаро аз нав эҳё кард. Ба ғолибон дар ҷамъбасти ду даҳрӯза мукофотҳои пулӣ дар хаҷми калон дода шуд.  Худи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ташаббус нишон дода, чанд маротиба дар рӯзҳои истироҳат барои кӯмак барои ҳашарчиён рафтанд. Дар пайравӣ ба  ин ташаббуси Раиси вилоят ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи истироҳат ба майдони пахтазор  мераванд ва паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон барои беталаф ғундоштани дурри гаронбаҳҳо кӯмак менамоянд.  Чунончи бо истифода аз ҳавои офтобӣ рӯзи шанбе беш аз 100 нафар ҳизбиёни шаҳр таҳти роҳбарии раиси Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар барои ғунучини пахта ба саҳроҳои хоҷагии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи «Абдураҳим Ҷумъаев», минтақаи Шӯркули ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  рафтанд. Онҳо ғайратмандона меҳнат намуда, дар маҷмӯъ беш аз 1,8 тонна (1800 кг) пахта ба хирмани хоҷагӣ рехтанд.  Дар вақти нисфирӯзӣ миёни саҳмдорон ва ҳизбиёни фаъол суҳбатҳои гарму самимиӣ доир шуданд. Хоҷагидорон бо шукрона аз тинҷиву ободии меҳан барои дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>