Терроризм ҳамчун ҳодисаи номатлуб ва даҳшатангез

p9194_artskills

АНДЕША. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихи ҷаҳон террористон дар тамоми кишварҳо фаъолият доштанд ва ҳар гоҳ бо содир намудани амалиёти пурдаҳшат ва кирдори ношоиста чеҳраҳои худро нишон доданд. Террористон дар ҳар давру замон дар байни масъулини баландпоя , сарватмандони бехирад ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа тарафдорон ва дастгирони худро доранд ва аз онҳо сарпарастӣ мебинанд. Дар замони мо ҳаракатҳои террористон дар минтақаҳои гуногуни олам авҷ гирифтааст. Мо аз воситаҳои ахбори умум мунтазамдар бораи ба доми фиреби террористон гирифтор шудани ҷавоне ё гурӯҳи ҷавонон огоҳӣ дармеёбем ва таассуф  мехурем. Террористон ба ҳамин васила ҷавонони булҳавас ва зудбоварро аз Ватан берун, аз хешу табор ҷудо мекунанд бо ваъдаҳои пуч, бо маблағҳои фиребо, бо ҳидоятҳои хойинона онҳоро ба содир кардани кирдорҳои номатлубу баро ҷомеа зиёновар ва ҳатто ба куштору сӯхтору нобудсозӣ водор менамоянд. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурӯҳҳои террористӣ чун ҲНИТ ва ДИИШ шудаанд ва ба нокомиҳову фалокатҳои зиёде дучор омада аз карда пушаймон гардиданд. Вобаста ба ин ҳолат дар кишварамон чораҳои таъҷилию фарогир андешида шуданд. Муҳимтар аз ҳама, корҳои таблиғотию ташреҳи байни ҷавонон тақвият ёфтанд, тарбияи ватандӯстию башарпарварӣ миёни онҳо пурзӯр карда шуд. Ин ҳама ва тадбирҳои дигар ба воқеъбину мулоҳизакор ва хушрафтору дурандеш шудани ҷавонон ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ доранд.

Раҳмонова Муаззамой

мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии

 Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>