Оромии Бадахшон оромии Тоҷикистон аст!

imennaya-ruchka

АНДЕША. Воқеан ҳам оромиву субот, таҳкими дӯстиву рафоқат, ваҳдату ҳамзистӣ, тинҷиву амонӣ беҳтарин неъмати илоҳӣ дар рӯи олам маҳсуб ёфта, ҳамагонро зарур аст, ки баҳри таҳким ва ҳифзи ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бандем.  Тавре шоири ширинкалом мефармояд:

Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст,

Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо…

Чуноне ҳамагон огаҳӣ дорем, дар солҳое, ки  Тоҷикистони азиз тоза ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, бархе аз шахсони манфиатхоҳ ва гуруҳҳои тахрибкор бо мақсади расидан ба манфиатҳои шахсиву гуруҳии хеш бо роҳнамоиву пуштибонии хоҷагони хориҷиашон боиси оғози бесарусомонӣ ва шуруи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гардиданд. Бо роҳандозӣ намудани иқдомҳои хиёнаткоронаву бешарафона кӯшиш намуданд, ки миллатро ба нестӣ ва мардумро ба парокандагӣ кашанд. Аблатта ҳамагон оид ба хисороти моливу ҷонӣ ва маънавии ин ҷанги хонумонсӯз огаҳии бештар доранд. Хонадоне набуд, ки аз таъсири ногувори ин ҷанги бародаркӯш канор монда бошад. Хушбахтона бо кӯшиш ва талоши пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи шарифи кишвар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ниҳоят соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хомӯш карда шуда, Тоҷикистони муқаддас аз коми наҳзатиёни заҳҳоксиҳатсифат раҳо ёфт.  Бо ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар ҷомеа умеди ҳамагон ба зиндагии орому осуда дубора шуълавар гардида, сокинон таҳти раҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор гузошта истодаем. Аммо бархе аз бадтинатон, ки оромиву субот ва амнияту ваҳдат барояшон арзиш надорад нақшаву нияти бори дигар ба хонаи худ оташ заданро дар қалбашон мепарваранд. Аз табори чунин нафарон аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки дар доираи арзишҳои дини мубини ислом даст ба амалҳои тахрибкоронаву фитнагароёна мезананд.  Инчунин боиси нигаронист, ки солҳои охир иддае аз ҷавонон ва сокинони осоишта ба ҷои шукргузорӣ аз сулҳу субот ва якдиливу якмаромӣ дар кишвар ба амалҳои ҷинояткоронаву ба шаъни инсон иснодовар даст мезананд, ки боиси сар задани нооромиву беназмӣ дар ҷомеа мегардад. Чунонки маълум аст, солҳои охир авҷи ҷиноятҳои гуногун дар яке аз гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистони маҳбуб Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба назар мерасад, ки боиси бадном кардани шаъну шарафи натанҳо мардуми Боми ҷаҳон, балки боиси нигаронии сокинони кишвар гардида истодааст. Бо мақсади пешгирии чунин беназмиву ҷинояткориҳо зимни сафари кории хеш ба ВМКБ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дастур доданд ва аз кулли мардуми шарифи Бадахшон даъват ба амал оварданд, ки бо ҷинояткориву амалҳои нангин муборизаи оштинопазир бурда, садди роҳи омилҳои халалдоркунандаи оромиву суботи ҷомеа ва осудагии сокинон гарданд.

Дар ин хусус дар Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таъсис дода шуда, тибқи иттилои Ситод “дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи он ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазориев Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66 адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд”. Тариқи телевизиони «Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» вобаста ба эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии худ изҳори пушаймонӣ карда, аз он даст кашидаанд, 22 октябр барномаҳои махсус намоиш дода буданд.  22-юми октябри соли равон мутобиқи қонунгузории ҷорӣ нисбати саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Тибқи Протоколи мазкур аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Бахусус даъват ба амал оварда шуд, ки номбурдагон ба ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ, қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, таҳқири намояндаи ҳокимият, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа, гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша, роҳ надодан ба содир кардани  ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа роҳ надиҳанд.  Бо назардошти талаботҳои Протоколи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ аз роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ даъват ба амал меорем, ки оромиву суботи Бадахшони сарбаафлокро аз ҳама манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ боло дониста, дар атрофи Пешвои муаззаму маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар амри ҳифзу ҳимояи ҳар зарраи хоки поки ин марзи муқаддас саҳмгузор бошанд. Зеро оромии Бадахшон оромии Тоҷикистон аст ва ноамниву бесуботии як гӯшаи диёр боиси нигаронии тамоми ҷомеа мегардад. Чунончӣ:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор…

Мамнур Нурзода,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>