ИЗҲОРОТИ кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ дар ҳошияи маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

1

Ҷомеаи меҳнатии кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ   намуда баҳри  созандагию бунёдкорӣ ва муҳити  солимии ҷомеа тамоми ғайрати  худро равона менамоем. Ҷинояткорӣ, падидаи  номатлуби  ҷомеа мебошад, ки  мо  омӯзгоронро бетараф намегузорад. Ин амали манфур  аз ҷониби  гурӯҳҳои  манфиатҷӯю қудратталаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир реша давонда, аз худ оқибатҳои  даҳшатангез ва фоҷиабор  боқӣ гузошта, ба амният ва иттиҳоду оромии ҷомеаи мо таъсири манфӣ  расонида истодааст. Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради кишвари азизамон аз ҷумла аҳли омӯзгорони ноҳияи Зафаробод ва  сокинони бонангу номуси Бадахшон  ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардонида истодаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон  оқибатҳои  даҳшатнок  ва  зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро  хуб дар  ёд доранд. Ҷанги  дохилӣ аз  ҷониби  гурӯҳҳои ҷиноятпеша оғоз  шуда, боиси  ба ҳалокат  расидани даҳҳо  ҳазор  нафар  шаҳрвандони  мамлакат  ва  ҳисорати  азими  иқтисодӣ  гардид. Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро  муқобилият ба мардум унвон мекунад.. Мо аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз бо шарофати тантанаи Истиқлолияти кишвари азизамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  дар тамоми  таърихи миллати куҳанбунёдомон   беназир  аст. Дар  тӯли  ин солҳои  тақдирсоз  чӣ қадар  заводу фабрикаҳо, корхонаву  ташкилотҳои  нав   мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ бунёду таъмир  гардидаанд. Бо истифода аз ин фурсат мо ба аҳли мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат менамоем, ки  дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>