Тафаккури солим аз ғизои солими маънавӣ шакл мегирад

newspaper-866525_960_720

АНДЕША. Рисолати падару модар, омӯзгор ва ҷомеа аз он иборат аст, ки дар ин давраи хеле ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ аз вазъи равонию иқтисодии наврасону ҷавонон ҳамеша воқиф бошанд. Хотиррасон кардан бамаврид аст, ки тарбияи фарди солим маҳз дар айёми ҷавонӣ самара медиҳад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан, байни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият ба ҳисоб рафта, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, тамоми мардуми ҷомеа бояд бар зидди ин зуҳурот мубориза баранд ва ба тарбияи ҷавонон, алалхусус фарзандону наберагони худ машғул бошанд. Ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон зарур аст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ва манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар рӯ ба рӯи ин хатари байналмилалӣ тақозо менамояд. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамлакатҳои хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд, то ки онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона шомил нашаванд. Аммо дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ то ҳол аз надонистани расму оин ва фарҳанги мардуми кишвари иқомат ва паст будани сатҳи саводнокӣ мушкилоти зиёде мушоҳида мегардад. Роҳбари давлат барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат менамоянд ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун мегардонанд. Мавсуф дар ҳаққи ҷавонон чунин фармудаанд: “Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.” Мардуми шарафманди Тоҷикистон метавонад ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвари азизамон ноил гардад ва шароити хуби зиндагиро фароҳам созад. Ифротгароӣ донаи гӯгирдест, ки сараш борут печонида шудааст. Як шарораи пучаке кофист, ки он аланга гирад. Гӯгирд барин зудхашм ва якбора алав мегирад. Оташ, ки гирифт он қомати расо ва хирмани орзуи ҷавониро месӯзад. Ҳайфи умри азизи ҷавонӣ мешавад. Дар “Фонуси хаёл” ном асари С.Турсун сатрҳои зеринро мехонам: “Як соат тафаккур кардан – беҳ аз сад сол намоз хондан аст.” Ин чиз моро ба андеша кардан водор менамояд. Яъне, тафаккури солим дар мағзи сари ҷавонон аз ғизои солими маънавӣ шакл мегирад.

Турсунова М,

мудири кафедраи фанҳои

“Гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ”-и

Коллеҷи технологӣ, номзади

илми педагогӣ, аъзои ҲХДТ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>