Нафрати уламои сатҳи ҷаҳонӣ ба наҳзат

pisma

АНДЕША. Тавре маълум аст, бо он, ки фаъолияти ҳизби наҳзати ислом шуруъ аз соли 2015 дар кишвар мамнуъ эълон гардид ва ин ҳизб бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд то ҳол иддае аз ноҷавонмардони наҳзатӣ фаъолияти тахрибкоронаву иғвогароёна ва тафриқаандозонаи хешро идома бахшида истодаанд. Қишрҳои гуногун ва созмону ташкилотҳои ҷомеаи ҷаҳон бо дарки оромиву субот ва муҳимияти ҳамзистии мардумони сайёра фаъолияти пасипардагии ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, зуҳури ҳизби исломиро бо далелҳои раднопазир бар зарари дини мубини ислом унвон дода истодаанд. Ҳанӯз дар минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфуз ва доираи васеи конфронсҳои сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳеҷ робитае бо экстремизм ва терроризм надоштани дини мубини ислом ва поку беолоиза нигоҳ доштани он ибрози назар намуда буданд. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2004 ин нуктаро чунин таъкид намуданд, ки: “Дар ҳақиқат, баъзе қувваҳои экстремистӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ таҳти шиорҳои исломӣ ба кирдорҳои ношоиста даст зада, дини ислом, яъне манбаи покизагии маънавию ахлоқиро бадном месозанд… Мо борҳо ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданием, ки ислом бо терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад ва баръакс чунин зуҳуроти номатлуб ва хатарнокро маҳкум менамояд”. Дар хусуси сӯйистифода аз номи дини мубини ислом ҳанӯз дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар суханронӣ намуда, фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатро мавриди маҳкумият қарор дода иброз дошт, ки “ин наҳзати қалбакӣ кори одамони гумроҳ аст”. Ҳамзамон мавсуф илова намуд, ки “ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд”. Чунончи огаҳӣ дорем рӯзҳои 16 – 18 октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср чаҳорумин Конференсияи Шӯрои уламои дини ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид. Дар конференсия ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Арабии Миср, Мамлакати Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, давлати Кувайт, давлати Қатар, Судон, Малайзия, Туркия, ал-Ҷазоир, Покистон, Ироқ, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Ҷамоати мусулмонони Аврупо ва ғайра бо шумули донишмандони соҳаи дин, паҷуҳишгарон, муфтиҳо, раисони кумитаҳои дин ширкат доштанд. Дар Конференсияи мазкур Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ширкат ва перомуни ҷиноятҳову хиёнатҳои ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом шуруъ аз даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Мавриди қайд аст, ки дар давоми солҳои мавҷудияти ҳизби наҳзати исломӣ роҳбарон, фаъолон ва аъзоёни ин ташкилоти террористӣ шуруъ аз ташкил кардани ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 141 ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ-террористиро содир намуда, ҷомеаи Тоҷикистонро бо кирдорҳои хеш дар арсаи ҷаҳонӣ доғдор намудаанд. Ҳамзамон дар давоми панҷ соли охир 75 нафар аъзои ТЭТ ҲНИ барои алоқамандӣ бо ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «ал-Қоида», «Ансоруллоҳ», «Ҳизби исломии Афғонистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ» ва «Гурӯҳи-24» дастгир ва аз озодӣ маҳрум гардиданд. Илова бар ин, далели шайъӣ мавҷуд ҳаст, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» қаноти ҳарбии ҲНИ мебошад. Ҳоло 521 нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳайати гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» қарор доранд. Ҷинояти охири ин ташкилоти касиф сӯиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ санаи 29-уми июли соли 2018 дар н.Данғара мебошад, ки ба таври ваҳшиёна 4 сайёҳӣ хориҷӣ кушта шуданд. Донишмандони соҳа аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо як овоз таъкид намуданд, ки ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом шохаи ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-и террористӣ буда, то ин лаҳза бо дурӯғу фиреб сарукор гирифта, ба мардумфиребӣ ва ҷаҳолату душманӣ ва хиёнату ҷиноят даст мезананд. Муфтии собиқи давлати Миср, доктор Алӣ Ҷумъа таъкид кард, ки чунин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро дар байни ҷомеа паҳн намоянд. Албатта, ҳадаф аз ин амали онҳо бесарусомонии амнияти кишварҳо буда, барои парокандагии онҳо талош меварзанд. Ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ мехоҳанд кишварҳоро порча – порча тақсим намуда, онҳоро дар ҳоли ҷангу кашмакашҳои дохилӣ қарор диҳанд. Ӯ илова намуд, ки ТТЭ ҲНИ яке аз дастпарвардаҳои “Ихвон-ул-муслимин” буда, шохаи ин ташкилот дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад.  Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ — доктор Муҳиддин Афифӣ дар конфронс вобаста ба ҷиноятҳои ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ таъкид намудааст, ки чунин ташкилотҳои террористии дар атрофи “дин” ҷамъгардида сабаби бесуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд. Онҳо бо даъвои “ҷиҳод” ба куштор, сӯиқасд, таркиш ва дигар амалҳои террористӣ даст мезананд. Вале фарқ байни “ҷиҳод” ва “терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомезро ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест. Боиси зикр аст, ки як қатор донишмандону олимони соҳа ва уламои сатҳи ҷаҳонӣ фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ-ро маҳкум намуданд. Ин мавқеи қатъии уламои сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад, ки хатарҳои ҳизби наҳзатро, ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ, махсусан уламои исломӣ ба хубӣ шинохтанд ва аз хатари он ба дини ислом дар ҳазаранд. Минбаъд дигар Кабириву ҳаммаслакон ва хоҷагони хориҷиаш наметавонанд аз номи дини ислом баромад кунанд, зеро тамоми аҳли башарият онҳоро ҳамчун ташкилоти хунхор шинохт, эътироф кард ва фатвои исломӣ содир намуд. Мо мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ва бахусус ҷавононро зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳо — сулҳу суботи пойдор бирасем, шукронаи онро ба ҷо орем. Зеро Худованд мефармояд: “Лаин шакартум, лазиданнакум”. Яъне агар дар қиболи неъматҳои ман шукр кардед, пас ман он неъматро зиёда мегардонам. Дар идомаи ҳамин ояти мукаррама Худованд мефармояд: “ва лаин кафартум инна азобӣ лашадид” – пас, агар куфрони неъматҳои Ман кардед, пас азоби ман бисёр дарднок аст. Бо ин мақсад бояд кӯшиш намоем, ки баҳри пойдории сулҳу субот, пешгирии ҳамагуна ифротгароиву терроризм муборизаи дастаҷамъона бурда садди роҳи шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва дигар созмонҳои тахрибкор гардем.

Қозиев Маҳмадюсуф,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>