Мулоқот дар ташкилоти ибтидоӣ

IMG_20181029_104839

БӮСТОН. Санаи 29 октябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Евро-Азия» вохӯрӣ бо аъзоёни ҲХДТ ташкил карда шуд. Мақсади баргузор намудани вохурии мазкур ин расонидани дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд баҳри корҳои ободонӣ ба шахсони дахлдор дода буданд ба аҳли ҷомеа мебошад. Дар вохӯрии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва ҳамаи аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок варзиданд. Раиси Кумиҷроияи шаҳри дар баромади худ қайд намуд, ки корхонаҳо истеҳсоли худро зиёд намуда, дар арафаи ҷашнҳо истеҳсоли молҳои ҷашниро зиёд намоянд. Боиси қайд аст, ки чунин чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоии «Евро-Азия», «Фарҳангчиён», «Варзишгар» гузаронида шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>