Боздид аз такилоти ибтидоии «Обтаъминкунӣ»

IMG_20181022_105322

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади ба амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доири омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, расонидани ёрии амалӣ оид ба тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обтаъминкунӣ» дидан намуд. Шукурзода Мурод дар суҳбат аз ташкилоти ибтидоии «Обтаъминкунӣ» даъват ба амал овард, ки дар корҳои ҳизбӣ фаъол бошанд, пеши роҳи ифротгароӣ гирифта шавад, ба хотири он, ки ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил нааванд ва сафи аъзоёнро аз ҳисоби кормандони пешқадам афзун намоянд, дастовардҳои даврони истиқлолиятро тарғиб ва таҳкимбахши сулҳу субботи кишвар бошанд. Дар охир Шукурзода Мурод таъкид намуд, ки ҳар яки мо бояд барои ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлоли азизамон саҳми босазо гузорем ин рисолати ҳизбии мо ҳамсафон мебошад!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>