Танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон

Деваштич чавонон

ДЕВАШТИЧ. Баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич мизи мудаввар дар мавзӯи «Танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо барои меҳнати созанда дар кишвар» баргузор гардид. Мақсад аз баргузорӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ, паст намудани сатҳи муҳоҷират дар ноҳия, ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба меҳнати созанда дар ватан, ҳамзамон баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои терорристию экстремистӣ мебошад. Дар чорабинӣ наздик ба 100 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок доштанд. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия В.Қулдошев, мудири бахши муҳоҷират С.Баҳодурова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия З.Аҳмадҷонова, мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Д.Маматқулова суханронӣ намуда, доири мавзӯҳои ҳалталаби рӯз аз қабили сабабҳои зиёд гаштани муҳоҷирати ҷавонон, ӯҳдадориҳои онҳо ҳангоми муҳоҷират, ҷалб намудани онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ ва корҳои бунёдкориву созанда, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>