Пешгирии шомилшавии ҷавонон ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

IMG_3169

ГУЛИСТОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҳаллаи якуми шаҳр бо занони хонанишин вохӯрӣ баргузор намуд.  Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён М.Ғ, мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М. доираи мазӯъҳои дар боло зикр шуда, бо занон ҳамсӯҳбат гашта, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём қайд карданд, ки «Имрӯзҳо вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон ташвишовар аст. Яке аз омилҳои асосии он ба кирдори номатлуб даст задани ҷавонон, сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, мо бояд бо ҷалби аҳли ҷомеъа ба хусус падару модар бояд наслеро тарбия карда ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад». Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бармеояд, ки таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа буда, вазифаи падару  модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон аст. Тарбияи фарзанд хеле нозук ва меҳнатталаб аст. Бояд падару модар дар ин лаҳзаҳо пурра масъулияти худро ҳис намуда, фарзанди худро беназорат нагузорад. Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро масъалаи доғ аст. Аз ин рӯ, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ҳар яки моро зарур аст, ки мубориза барем ва саҳми босазо гузорем.       Дар поёни чорабинӣ бо мақсади фаҳмонидани ҳадаф ва моҳияти эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ва Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия,  аксия баргузор намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>