Гулдухтарони ҳунарманд

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо мақсади ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ , дарёфти духтарони боистеъдоди ҳунарманд ва бахшида ба “ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар КИИ минтақаи Ёва озмуни “ Канӣ духтарҳо? ” гузаронида шуд. Дар озмун гулдухтарони МТМУ №33 аз рӯйи 5 шарт қувваозмоӣ намуданд. Сараввал дастаҳо гурӯҳи худро муаррифӣ карда, номи интихобкардаашонро шарҳ доданд.Баъд аз рӯйи шартҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, буридани угро, ороиши торт, ориши мӯй, омода намудани хуриш ва саволу ҷавоб оид ба рӯзғордорӣ баромад намуданд. Дар охир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М озмунро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки маҳз касб ва ҳунар шахсро шуҳратманд мегардонад. Шахси соҳибҳунар дар ҳама давру замон дар байни ҷомеа сазовори иззату эҳтиром хоҳад буд. Махсусан ба бонувон, ки чароғи хонадонанд  омӯхтани ҳунар  ҳатмист. Барномаи консертии омоданамудаи муҳассилини муассиса ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшида, дастаи “ Гулдухтарони соҳибҳунар” сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>