Мулоқот дар ташкилоти ибтидоии Суғдиён

IMG_20180823_111307

ПАНҶАКЕНТ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаии минтақавии шаҳраки Суғдиён мулоқот  баргузор гардид.  Дар мулоқот муовини раис- мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Тошева Парвина, Лутфуллоев Бурсибой  мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Пнҷакент, Раиси ташкилоти ибтидоии Беморхонаи минтақавии шаҳраки Суғдиён Ҷалилов.А ва кормандони ташкилоти ибтидоии Беморхона иштирок намуданд. Дар мулоқот муовини раис- мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Тошева Парвина оиди пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО ПИЧ\СПИД ба сухан баромада зикр намуд, ки вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замон буда, таъсири манфии он на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои ҷаҳон ҳисороти зиёде ба бор овардааст.  Лутфуллоев  Бурсибой  мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  оиди гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳараатҳои ифротӣ сухан ронда зикр намуд, ки сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон,  хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти хело зиёданд, аммо беш  аз  ҳама  ин  ноогоҳӣ  аз  авзои сиёсии ҷаҳон,  дарк накардани хатари ифротгароӣ,  зудбоварӣ,  ба  доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтидан,  соҳиби  пули  муфт  гаштан ва  аз  ҳама асосӣ-  надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар ташкилотҳои ибтидои ва Ҷамоату деҳоти шаҳри Панҷакент чунин мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>