Омӯзиши фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоӣ

чсчсч

ХУҶАНД. Дар асоси дастури Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва тибқи нақшаи кории кумиҷроия гурӯҳи корӣ иборат аз аъзоёни кумиҷроия фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар «Маркази солимгардонӣ» ва «Беморхонаи физиотерапевтӣ»-ро аз санҷиш гузарониданд. Ташкилоти ибтидоии «Маркази солимгардонӣ» дорои утоқи корӣ буда дар он гӯшаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб овехта шудааст. Инчунин ҷевон барои ҷо ба ҷо гузоштани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавҷуд аст. Ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мутобиқи феҳраст ҷо ба ҷо гузошта шуда, фаъолияти ҳизбӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи физиотерапевтӣ» низ қаноатбахш буд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дорои утоқи кории алоҳида мебошад ва воқеан утоқи корӣ хеле хуб ҷиҳозонида шудааст. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ баъзе аз камбудиҳову норасоиҳо, ки дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ба чашм расид маслиҳат дода шуда, барои ислоҳи камбудиҳо  муҳлат дода шуд. Ёдрас мешавем, ки то моҳи декабри соли равон фаъолияти кории ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд санҷида мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>