Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ

huk-shahriston

ШАҲРИСТОН. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059  «Оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон корҳои ободонию бунёдкорӣ, сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳаммому сартарошхона, кошонаи ҳусн, хизматрасонӣ  ва дигар намуди иншоотҳо бо маром идома ёфта истодааст.  Дар ноҳияи Шаҳристон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 68 иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Чанде пеш дар маркази ноҳия бинои маркази хизматрасонии техникӣ ва биноҳои анбори захираи маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқи кооперативи тиҷоратии Шаҳристон ва дар деҳаи Себзори Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бинои ҳаммом  ба  истифода дода шуд.  Дар маросими ба истифода додани биноҳои мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва раиси ноҳия Умар Ёқубзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Сохтмони бинои маркази хизматрасонии техникӣ дар маркази ноҳия аз тарафи соҳибкор Азизмуродов Дилмурод  ба маблағи  185 ҳазор сомонӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин сохта ба истифода дода шуд. Ноҳияи Шаҳристон аграрӣ ба ҳисоб рафта, бунёди анборҳои нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.  Биноҳои анбори захираи маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқи кооперативи тиҷоратии Шаҳристон ба маблағи  80 ҳазор сомонӣ таъмир ва ва азнавсозӣ гардида, дар ду бинои сохташуда 250 тонна маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ захира карда мешавад. Бинои ҳаммом дар деҳаи Себзор аз тарафи соҳибкор Маликов Ҳусниддин дар соли 2018 оғоз гардида, ба маблағи 128 ҳазор сомонӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин барои истифодабарӣ омода гардидааст.   Дар ноҳия дар дигар иншоотҳо низ корҳои сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>