Вохӯри дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонбахш»

20181030_112757

ҶАББОР РАСУЛОВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гурӯҳи тарғиботӣ ва ташвиқотӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ санаи 30-юми октябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонбахш» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раиси КИН ҲХДТ – Одилзода Рустам, муовини раиси КИН ҲХДТ – Умарзода Ботирҷон ва мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ – Рустамзода Қумринисо иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ раиси КИН ҲХДТ – Одилзода Рустам оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои паст задани шаъну шарафи занҳо ва поймолкунии ҳуқуқҳои онҳо ба меҳнат, риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таанзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар бораи падидаҳои номатлуби ҷомеа баромад намуда, зикр намуд, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун раҳнамо мебошад. Аз ин рӯ мо бояд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат кӯшиш намоем то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар намоем. Дар охир раиси КИН ҲХДТ – Одилзода Рустам ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>