Конститутсия- бахтномаи миллат

бғ конс

Б.ҒАФУРОВ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории  миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳамасола 6 ноябр –Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи Хоҷагулистон» Конфронси илмӣ- адабӣ таҳти унвони «Конститутсия- бахтномаи миллат » баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мутахассиси шуъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ Дадобоева М ва намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиева М В иштирок намуданд. Дадобоева Маъмура иштирокчиёнро аз номи КИВ ҲХДТ бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, дар мавзӯи «Конститутсия ва инсони саодатманд» баромад ва арзиши Конститутсияи имрӯзаро дар пойдории давлати мустақили мо беҳамто арзёбӣ кард. Оиди «Конститутсия- ҳимоятгари пойдории оила» мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М маъруза намуд. Холматова Маҳлиё хонандаи МТМУ № 10, ғолиби озмуни вилоятӣ аз фанни ҳуқуқ дар мавзӯи «Неруи пешбари ҷомеа » баромади пурмуҳтаво намуд. Гурӯҳи хонандагони заковатсанҷи муассисаи №10 байни якдигар саволу ҷавоб гузаронида, доир ба бобу моддаҳои Конститутсия маълумот доданд. Шеъру суруд ва баромади гурӯҳи санъаткорони муассиса ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>