Вохӯрӣ таҳти унвони «Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ»

20181031_105011

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар доираи нақшаи ҳафтаинаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Худоёров Раҳматулло санаи 31-уми октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳия вохӯрӣ таҳти унвони «Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ» баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Худоёров Раҳматулло ба сухан баромада, дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат, риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву руҳияи баланди худогоҳии милӣ, соҳибкасбу соҳибҳунар будани ҳар як шахси ҷомеа,  андешаронӣ карда зикр намуд, ки имрӯз коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷавонон вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҷавонон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи пайваста бурдан бо ин зуҳуроти номатлубро таъкид намуда, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27.01.2017 доир гардида буд, чунин иброз намуданд, ки «Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд». Дар охир бо иштирокчиёни вохӯрӣ саволу ҷавоб баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>