Мулоқот бо аҳолӣ

image-0-02-06-67d4758588aa688306bf9738489312ce3b7357b4703ed992acc2f0bb66ef65ca-V

ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсия дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва омузгорони МТМУ №9  оид ба моҳияти Конститутсия ва «Пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон»,   мулоқот доир гардид. Дар вохӯри кормандони Ҷамоат, раисони хоҷагии деҳқонии инфироди, раисони маҳаллаҳо, мураббияҳои кӯдакистони деҳа имомхатиби масҷиди панҷвақта низ иштирок доштанд. Вохӯриро муовини раис – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Тошева Парвина  оғоз намуда суханро ба мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Лутфуллоев Бурсӣ дод. Мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Лутфуллоев Бурсӣ  ба сухан баромада қайд намуд, ки таҳия ва қабули Конститутсия барои ҳар як давлати соҳибихтиёр ибтидои кор буда, моҳиятан сабаби зуҳури маҷмӯи дигар қонунҳои миллӣ мегардад. Давлатҳое, ки дорои Конститутсияи миллӣ мебошанд ин санади олии меъёриву ҳуқуқӣ  ҳамчун конуни асосии давлату миллат хидмат намуда, асосу бунёди ҷомеа ва сохтори давлатиро муайян сохта онро ба танзим медарорад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлони таърихи навини мавҷудияти хеш марҳила ба марҳила ҳадафҳои асосии давлатдории тоҷиконро, ки  аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд, амалӣ сохта, ба хотири таъмини баробарии стратегии тамоми қишрҳои ҷомеа дар назди қонун, дар ҳамгашти пурпечутоби ҷомеаи муосир тавонист ягонагии ҷомеаро нигоҳ дорад ва барои фардои дурахшон қадамҳои устувор бардорад. Дар идома сухан оид ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сухан рафт. Дар идомаи маҷлис муовини раис – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Тошева Парвина  оид ба мавзӯи «Пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон» суханронӣ намуда изҳор дошт, ки  вазифаи мухимтарини чамъиятии оила ин тарбияи насли наврас мебошад. Оилае, ки дар асоси мухаббат барпо гаштааст ва эхтироми якдигар, гамхорӣ, якдигарфахмӣ дар он оила дида мешавад, фарзандони солимро тарбия мекунад. Ҳар қадар оилаҳо мустаҳкамтару пойдортар бошанд ҳамон андоза давлат пуриқтидору тавонотар мешавад. Дар маҷлис раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳр Холова Ҳамида иброз дошт, ки Конститутсия бахтномаи миллат аст. Тавассути он мо дорои ҳуқуқу озодиҳои комил гардидем. Ҳоло Конститутсияи кишвари мо дар қатори Конститутсияи беҳтарин номбар мешавад. Дар охир Тошева Парвина  ҳамагонро аз номи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта барояшон барору комёбиҳо таманно намуд. Дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  мулоқотҳо  оид ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>