Усули нави тарғибот

IMG_3298

ГУЛИСТОН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон, вохӯрии васеъ бо қирши аҳолии шаҳр доираи Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар маҳаллаи дуюми кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва аксияи Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор 2018-2028» «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва баргузор намуд. Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён М.Ғ, раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Қосимова К.М, мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М. доираи мазӯъҳои дар боло зикр шуда, бо занон ҳамсӯҳбат гашта, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Дар баромад зикр гардид, ки масъалаи ифротгароии динӣ ва терроризм дарди рӯз мебошад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро як мушкилие фаро гирифтааст, ки ин густариш ёфтани падидаҳои терроризму экстремизм аст. Терроризму экстремизм барои амнияти мардум ниҳоят хатарнок буда, ба ин самт бештар ҷавонони ҳанӯз мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ пайдо накарда ва раҳгумони нохудогоҳ гароиш доранд. Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳангоми вохӯрӣ бо шахсони ифротгарои динӣ, ки аксаран ба гуруҳҳои террористӣ иртибот доранд, онҳоро биомӯзанд ва бикӯшанд, то ба онҳо ҳадафҳои давлатсозӣ, сулҳофарӣ, пойдорӣ ва ваҳдати мардумони кишварро бифаҳмонанд. Имрӯз бархе аз ҷавонон аз ҳадафҳои асосии гуруҳҳои ифротгаро бехабаранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид менамояд, ки ҳар як волидайн набояд фарзанди худро беназорат гузорад. Ҳар як падару модар барои ояндаи фарзанди худ ва гул-гул шукуфоии давлати азизамон ҳиссаи худро бояд гузошта бошад.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон пайваста кӯшиш менамояд, ки баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили худкушӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм-экстремизми сиёсию динӣ, иҷроиш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар ҳамаи корхонаву ташкилотҳои ибтидоии шаҳру шаҳракҳо, маҳаллаву муассисаҳои таълимӣ вохӯриву суҳбатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ,  ташвиқотиву тарғиботиро боз ҳам пурзӯр намояд. Дар поёни чорабинӣ аксияи Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор 2018-2028» «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо занон баргузор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>