Пешгирӣ аз бегонапарастӣ

20181030_103232

АШТ. Сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаинатанҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.   Бо ҳамин мақсад санаи 30-уми октябри соли равон  бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт ҷиҳати фаъол гардонидани ҷавонон дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ бо омӯзгорони ҷавон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №30 – ҷамоати деҳоти Шодоба вохӯрӣ баргузор карда шуд.      Зимни вохӯрӣ мудири  шуъбаи  кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. қайд намуд, ки ҳадафҳои асосии ифротгароёнаи исломӣ дар ҷавонон ин суст кардани худшиносии миллӣ, қувват додани бегонапарастӣ, ва дар маҷмуъ ба вуҷуд омадани ҷангу ҷидолу ихтилофот дар байни ҷавонон буда, аслан василаеанд барои амалишавии нақшаҳои давлатҳои абарқудрат барои идора кардани ҷаҳон. Мо бо чашми худ дида истодаем, ки исломи радикалӣ ва бегонапарастӣ чӣ гуна кишвари ҳамҷаворамон Афғонистонро ба нокомиҳои хунин гирифтор кардааст. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 нафар хонандагон ва омӯзгорони ҷавон ширкат варзиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>