Вохӯрӣ бо занони кишоварз

20181007_121539

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар доираи нақшаи ҳафтаинаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов – Каримова Марҳаматой ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов – Рустамзода Қумринисо санаи 26-уми октябри соли 2018 вохӯрӣ бо деҳқонзанон, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд бахшида ба ҷашни истиқлолият бо номи «Занони кишоварзи даврони истиқлол» баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкили ин вохӯриҳо расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба деҳқонзанон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занони кишоварз ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии бонувон дар деҳот мебошад. Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Каримова Марҳаматой ва мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ – Рустамзода Қумринисо суханронӣ намуда, аз нақши занони кишоварз дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия андешаронӣ намуданд. Боиси қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши шумораи заноне, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти соҳибкорӣ менамоянд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд. Зеро занони соҳибкор низ дар амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор буда, ба густариши шабакаи Ассотсиатсияҳои соҳибкории занон дар минтақаҳо, муттаҳид намудани занони соҳибкор, ки мақсад аз он таъмини муколамаи мунтазам ва табадули назар бо ҳамкорон мебошад, мусоидат менамоянд. Дар давоми вохӯрӣ бо иштирокчиён дар бобати ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз замин, истифодаи дурусту самараноки замин ва ғайраҳо саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифта, иштирокдорон аз таҷрибаҳои андӯхтаи ҳамдигар огаҳӣ пайдо намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>