Маорифчиён-пешсафони ҲХДТ

зафаробод

ЗАФАРОБОД. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия мулоқот доир намуд. Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди суҳбат қарор дода шуд. Қайд карда шуд, ки маорифчиён бофаъолияти назарраси худ ҳамеша пешсафони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маҳсуб меёбанд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  Т. Шарифов миннатдории Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро бобати сахми арзанда гузоштан дар маъракаи Обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ба сарварони муассисаҳои таълимӣ расонид. Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо низ сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия аз ҷумла аз ҳисоби омӯзгорони ҷавону фаъол зиёд мешаванд. Дар ноҳия 35 ташкилоти ибтидоӣ амал менамояд, ки ташкилоти ибтидоии  «Маорифчиён» ҳайати зиёда аз 1000 нафар дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ иштирокчии фаъол ва пешсаф мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>