Тарбияи насли ватандӯст

бғ

Б.ҒАФУРОВ. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри хизмат ба Ватан – Модар бо ҷавонони синну соли даъватӣ яке аз самтҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, чунин вохӯриҳо мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор мегардад. Бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ,  дар руҳияи меҳанпарастӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавон  дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи Ғалаба» байни хонандагони муассисаҳои таълимии минтақаи Зарзамин мулоқот баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамеша баҳри хизмат ба Модар – Ватан омода бошанд.Инчунин, зимни баромад қаӣд намуд: «Ҷавонони азиз, дар моддаи 43- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навишта шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи  муқаддаси шаҳрванд аст. Бинобар ин ҳимояи марзу буми Тоҷикистон қарзи ҷонию имонии ҳар як ватандор аст»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>