Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем

11855004-책상에-메모-안경-펜과-책

АНДЕША.  Дар шабакахои иҷтимои ва сомонахои интернети шахсе бо номи Сайидюнуси Иставрашани, ки худро тахлилгари «хамадон» мехисобад, дар мавзуоти мухталифи фархангиву сиёси ва иҷтимоиву адаби хомафарсои мекунад. Ин нафар пойгохи тахлилииеро «сохибӣ» мекунад, ки ба унвонии «Кимиёи Саодат» дар шабакаи ҷахонии интернет ҷойгох дорад. Номбурда аз ин пойгохи дурӯғпарокании хеш хамеша матлабу мақолотеро ба миён мегузорад, ки хусусияти муғризона ва хангомаҷӯёнаро доранд. Аксар навиштахои ин нафар бо як услуби мармуз нигошта шудаанд, дар зехнхо суолотеро ба вуҷуд меоварад, ки оё Сайидюнус худ аз навиштани ин мақолахо чи мехохад? Оё дар асл хадафи ӯ воқеиятро тахлил кардан аст, ё тахрифи воқеият? Мафхуми «Гуфтугӯ бо огохон», ки дар мақолоташ ишора мекунад, яъне киро дар назар дорад? Ин огохон чаро ва аз чи рохе махз бо ӯ дар иртиботанд? Мафхуми «маҷмуи додахо» ( база данных)-ки дар мақолахояш борхо ишора мекунад мутааллиқи кадом шабакаи ҷосуси ё хадамоти махсуси давлати хориҷи нестанд? Ин хама бозгӯкунандаи он нест, ки мухтарам Сайидюнуси Истаравшани хидмати кадом сервиси махсуси кишвареро анҷом намедихад? Барои равшани андохтан ба ин суолот аввалан бояд муаян намуд, ки Сайидюнуси Истаравшани кист ва дар кадомин мухити хонаводаги тарбият ёфтааст, зеро таъсири мухити хонаводаги дар парвариш ва бакамолрасии фарзанд таъсири зиёде дорад, ки онро борхо донишмандону мутафаккирон қайд намудаанд. Аз ҷумла хаким Фирдавси мефармояд:

Ба нопокзода мабандед умед,

Ки зангӣ нагардад ба шӯстан сафед.

Номи аслии ӯ на Сайидюнуси Истаравшани, балки Бурхонов Юнус Аббосович буда, мавсуф миёни ахолии зодгохаш — шахри Истаравшан хамчун шахси фитнагар ва «зани чилшавхара» шинохта мешавад. Авлоди Бурхоновхо миёни мардум хамчун ашхоси «аспдузд» ном бароварда, солхои вазнинии хаёт ба ҷойи мехнати халол ва дастгирии ахли диёр аспони мардуми фақирро аз дехот дуздида дар қаламрави Ҷумхурии Узбекистон мефурухтанд ва аспони сокинони он кишварро низ ғорат карда, ба Тоҷикистон оварда мефурӯхтанд. Бобои номбурда Бурҳон ном дошта замоне ба сифати мудири анбор кор мекард. Он давра замони қаҳтию гуруснагӣ буд, мардум нони хӯрдан надоштанд. Ӯ гандумро медуздад ва ба хотири дуздияшро пӯшонидан анборро оташ мезанад. Барои амали нопокаш ӯро ба ҳабс мегиранд ва барои даҳ сол ба минтақаи Сибири Русия бадарға мекунанд. Падари Юнус — Аббос амали бобояшро давом медиҳад. Миёни мардуми Истаравшан падари ӯ бо номи аспдузд «шӯҳрат» дорад. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Маҳмадюнусе, ки мехоҳад номи Истаравшанро доғдор кунад кист, бо як овоз мегӯянд: «Аббоси аспдузд». «Писар чи гуна, падар намуна»- мегӯянд мардуми тоҷик. Пас аз бадарға шудан ин оила ба шахраки Пролетари нохияи Пролетар (хозира н.Ҷаббор Расулов) кӯч баста, дар он ҷо низ аз сабаби ба муросо наомадан бо хамсоягон ва бо бахонаи дуохони расидан ба иззати нафси занхои бемору эхтиёҷманд, ради маърака шуда, баъди чанд сол боз ба махаллаи Боғоти шахри Истаравшан баргашта меояд. Бурхонов Юнус дар зиндаги ду маротиба оиладор шудааст. Хангоми тахсили дини гирифтанаш дар шахри Тошканд дар назди домулло Маъруфҷон Рахимҷонов – собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеи «Усмони Чархи»-и дехаи Ободи шахри Истаравшан, ки соли 1993 аз ҷониби мақомоти суди вилояти Суғд ба мухлати 5 сол аз озоди махрум шуда буд, бо хар найрангу васваса ба дили ӯ ҷо шуда, духтари ин нафарро ба зани мегирад ва аз он сохиби чор фарзанд мешавад. Пас аз моҷарохои зиёди оилави ва гирифтани зани дуввум аз шахри Вахдат, зани аввалааш аз ӯ ҷудо шуда, ба назди оилаи худ ба шахри Тошканд бар мегардад. Дар Тошканд ӯро мақомоти қудратии Ҷумхурии Узбекистон барои алоқамандиаш бо гурӯххои террористи дастгир карда, ба мухлати 13 сол ба махкама мекашанд, ки нихоят соли 2014  дар махбас вафот мекунад. Бурхонов Юнус бошад бо зани дуввуми худ ба шахри Қуми Ҷумхурии Исломии Эрон фирор мекунад. Бародари Бурхонов Юнус — Бурхонов Юсуф Аббосович бошад, соли 2008 барои даст доштанаш ба муомилоти ғайриқонунии воситахои нашъадор боздошт ва ба мухлати 9 сол аз озоди махрум карда шудааст. Бародари дигараш Бурхонов Мансур Аббосович соли 1995 мадрасаи «Имом Хумайни»-и шахри Қумро хатм намуда, дар шахри Мозандарони Ҷумхурии исломии Эрон таълимоти харби хам гирифтааст. Ӯ соли 2002 хамчун аъзои ташкилоти террористи аз ҷониби мақомоти хифзи хуқуқи Ҷумхурии Тоҷикистон боздошт шуда, ба мухлати 12 сол аз озоди махрум карда шудааст. Бурхонов Юнус пас аз мактаби миёна идомаи тахсилро дар кишвархои хориҷа (шахри Саратови Федератсияи Россия, шахри Тошканди Ҷумхурии Узбекистон, шахри Димишқи Сурия, шахри Қуми Ҷумхурии Исломии Эрон) гирифта, мубаллиғи ақидагарои, мазхабгарои ва сиёсати моҷароҷӯи гаштааст. Ӯ дар хамрохи бо якчанд ашхоси ҷиноятпеша, аз ҷумла раиси ташкилоти экстремистию террористии Хизби нахзати исломи — Мухиддин Кабири ва якчанд нафароне ки аз ҷониби Интерпол дар ҷустуҷӯи ҷинояти қарор доранд, мехоханд тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, сахифаи шахсии интернетии «Кимёи саодат», барномаи телевизионии «PersiaTV», “К+” оташи ҷанги Сурияву Ироқро ба Тоҷикистон оранд.  Ӯ як маротиба хангоми бозгашт ба Тоҷикистон ба таблиғи ақоиди бегонаи дини ва ихтилофбарангезии мазхаби даст зада, аз ҷониби равшанфикрон мавриди интиқоди сахт қарор гирифта буд ва тарки кишвар карда буд. Хамчун мушовири махфии рохбарияти ТТЭ ХНИ дар Тоҷикистон солхои тӯлони фаъолияти пасипардаги бурда, аз ҷониби хайрияхои мақомоти ҷосусии хориҷи маблағхои зиёдро сохиб мешуд. Дар аксари навиштахои Сайидюнус пайдост, ки худ даъвои донишманди дорад ва ба ҷуз харфхои хеш хар нуқтаи назари дигар барояш  чаранд ва ёва талаққӣ мешавад. Ин бозгӯйкунандаи он аст, ки ин нафар сахт худбовару худхох аст. Харчанд аксар маврид Истаравшани даъво пеш меоварад, ки хеҷ гох на дар гузашта ва на дар холи хозир узви созмони террористии ХНИ набудааст. Аммо «ин бандаи Худо», ки бисёр адолатпеша будааст, хамвора вақте дидааст «дар бораи ин хизб харфи беҷо ва тухмати нораво мезананд» аз он дифоъ ба амал меовардааст ва ин кор барояш вазифаи инсонию механи ва таклифи шаръи будааст. Харчанд Истаравшани даъво пеш меоварад, ки ӯ аъзои ТТЭ ХНИ нест, аммо масъала танхо марбути аъзо будан ба ин ё он хизб нест. Воқеият ин аст, ки Истаравшани ба хайси яке аз дифоъгарони расмии ТТЭ ХНИ дар шабакахои иҷтимои ба хисоб меравад. Вай ва аъзоёни раёсати ТТЭ ХНИ яксон андеша мекунанд ё аз як пойгох ва ба таври якхела дастур мегиранд ва идеологияи ягонаро ҷонибдори менамоянд. Аз ин рӯ, шарт нест, ки расман аъзои ТТЭ ХНИ буд ё набуд. Аз тахлил ва навиштахои Саидюнус пайдост, ки номбурда ба хайси афсари ҷосусии кадом кишваре амал мекунад. Зеро тарзи фаъолияти пойгохи хабарию сиёсии ӯ дар интернет ва макону мақари он дар хориҷи кишвар бозгӯкунандаи онанд, ки гумоштаи хадамоти махсуси кишвари муайян аст ва аз манофеи он дифоъ мекунад. Дар 24 соати шабонарӯз дар шабакахои иҷтимои ва расонахои хабари ба хайси афсари ҷосусии хадамоти махсуси хоҷагонаш хизмат менамояд. Вазифаи асосии “шариатпанох” гумрох кардани ҷавонону ҷалб намудани онхо барои манфиатхои бегона аст. Сайидюнуси “хамадон” мисли падару бобояш хама чизро мефӯрашад, зеро барои ин тоифа дарки мафхуми “хиёнат” вуҷуд надорад. Ин нафарон барои пулу манофеъ ва обрӯи арзон ба давлату миллати худ хиёнат мекунанд ва аз усули муғолата истифода намуда, худро донишманду тахлилгар ва то хадде хакиму файласуф нишон медиханд. Сайидюнуси “рисолатпанох”, аз чандин ниқоб барои ба доми тазвири ақоиди хеш кашидани ҷавонон истифода менамояд. Гохо худро хакиму файласуф вонамуд месозад ва тахлили фалсафаи Синою файласуфони урупоиро бо назардошти манфиатхои худ ва дастурхои хоҷагонаш тафсир медихад, ки аслан хеҷ алоқаманди ба худи онхо надоранд. Гохе худро зистшинос ва донандаи қавонини рушди олами зинда разёби мекунад ва назарияи тахаввули олами зиндаро ба тарзи худ олуда бо фахми шариатмехвари мавриди арзёби қарор медихад. Гохе тафсиргари Хайёму Мавлоно мешавад ва аз «шароби лоязоли» харф дар миён мегузорад. Воқеият чехраи ин “донишманд” ин аст, ки тайи солиёнест барои манфиатхои бегонагон алайхи миллату давлати худ бо номи «дифоъ аз ормонхои исломи» мубориза мебарад. Сайидюнуси «хамадон» сахт бечора аст, зеро барои ин нафар иродаи озод вуҷуд надорад. Шабахи лухтакест, дар дасти дигарон. Саидюнус гохе дар чехраи “паҷухишгари исломи” худро ба ҷилва меорад, вале боре ин воқеиятро намегӯяд, ки хамон ҷомеае, ки шариатсолору бихишти адн аст ва инсонхо дар он хубу рохат зиндаги доранд кадом аст, ки онро хамчун нимод қарор диханд ва онро пайгири кунанд, ин Эрон аст, Арабистони Саудӣ аст, ДИИШ аст ё хазрати Махди омада онро бунёд мекунад ва шабу рӯз ибодат карда онро мунтазир бошем? Ин “паҷӯхишгари исломи” боре зикр намекунад, ки ин ҷараёнхои ҷиходии исломи, ки хар рӯз дар кишвархои ҷахон даст ба тарсафканию дахшатафакани мезананд, инсонхоро зинда-зинда месӯзонанд, ҷомеахоро хароб мекунанд ва қатлу ғорату кушторро бо бадтарин ва фаҷеътарин шева анҷом медиханд кори исломи ноби хоставу назари сарпарастони ӯро анҷом намедиханд. Ё ин хама ба истилохи Сайидюнус «мазаи мусалмон» будан аст, ки инро дигархо эхсос кардан наметавонанд ва онро танхо ӯ ва хаммаслакони шариатбунёди ифротиаш хис кардаанд? Ин “паҷӯхишгари исломи” намегӯяд кадомин равияю марҷаияти имрӯзаи исломиро бояд бовар кард ва онро воқеияту исломи ноб бояд шинохт. Салафияро, вахобияро ташайюъро, вилояти фақехро, ДИИШ-ро, Боку харомро, Ансоруллохро, Харакати Исломии Узбекистонро, ТТЭ ХНИ-ро, Ихвон ул муслуминро, Ал-қоидаро,  Харакати Толибонро, “Лашкари тайиба”-ро? Кадомро? Тайи ин хама  солиён, ки ба истилох “паҷӯхишхои исломи” анҷом додааст, ба ҷуз гумрох намудани хазорон нафар ба хотири манфиатхои бегонагон кори дигареро анҷом надодааст. Аз навиштахои ин “паҷухишгар” пайдост, ки номбурда аслан аз дидгоххои илми ва равишу методологияи онхо хабаре надорад ва аз сатхи як охунд болотар андеша карда наметавонад, дар чорчӯбаи як охунд, ки ҷахонро аз дидгохи асри 7 қиёс мекунад, донишу “паҷухишгари” дорад. Мутаасифона, бо харфхои хазёну бемантиқи хеш мардумро гумрох мекунад ва бо овардани мафхумхои «мазаи мусалмон будан», «лаззоти чашидани» ва «умури баён нашудан ва таъриф накардан» мардумро гул мезанад, зеро ин харфхо метавонанд ҷавонони нохудогоху камдонишро гумрох кунанд ва савқ ба сӯи созмонхои ҷиходию террористӣ диханд. Ин аст чехраи воқеии Юнус Бурхонов бо тахаллуси Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки худро ном мегирад мо бояд онро дуруст бишносем, ки ин хамон кури Сайдюнус аст.

Эхсони Илхом,

тахлилгар

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>