Хиёнаткор ватан надорад

images

АНДЕША. Дар ҷомеаи тинҷу осоишта умр ба сар бурдан ва дар давраи оилаву пайвандон хушбахтона зиндагӣ намудан орзуи аввалиндараҷаи ҳар як инсони соҳибмаърифат мебошад. Парвози паррандагон дар само, хандаи самимиву беғаш дар лаби кӯдакон, тӯйу сурур ва хурсандии пайвандон, сайругашти мардум дар диёри ободу зебо ин ҳама аз баракоти сулҳу осоиштагӣ ва тинҷиву оромии давлат мебошад. Дар ҷомеаи демократӣ ҳар як шахс дорои ҳуқуқу манфиатҳои шахсии худ буда, метавонад мустақилона аз рӯи завқу шавқи худ ба машғулиятҳои дӯстдоштаи худ гаравад.  Бадбахтона дар байни мардум афроде низ пайдо мешаванд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо  нарасида, бар зидди давлату мамлакат ва оҳолии осоишта баромад намуда, кӯшиш менамоянд, ки мардумро ба гумроҳӣ андохта ҷавонони камтаҷрибаро дар роҳи мақсадҳои ғаразонаи худ ҳамчун сипар истифода баранд. Онҳо барои расидан ба ниятҳои бади худ аз ҳар гуна роҳу воситаҳои гумроҳкунанда истфода намуда, дар байни ҷомеа нооромиро ба вуҷуд меоранд ва кӯшиш менамоянд, ки миллатро ба нестӣ баранд. Ин гуна шахсонро дар ҷомеа ба истилоҳ «экстремист» ном мебаранд ва нафаронеро, ки ба гумроҳӣ рафта дар роҳи расидан ба мақсадҳои номатлуби худ ба ҳар гуна ҷиноятҳои даҳшатбор даст зада амалҳои мудҳишро содир менамоянд «террорист» меноманд. Экстремистон омили пайдоиши террорист мегарданд. Экстремист ҳадафҳои худро тариқи интернет ва пинҳонӣ дар байни ҷомеа бо истифода аз шахсони камтаҷриба, хусусан ҷавонони аз таълиму тарбия дурмонда амалӣ мегардонад ва аз онҳо бо ҳар гуна воситаҳо террорист омода месозанд. Ин гуна шахсон дар роҳи расидан ба мақсадҳои ифротгароёнаи худ ҳатто падару модар ва хешовандондонашонро фидо месозанд ва ба лаънати мардум дучор мегарданд. Чуноне ки мегӯянд: «Хиёнаткор ватан надорад…» Дар ин ҷода наврасону ҷавонони диёрамонро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна омилҳои бегона нагараванд, дар роҳи гирифтани таълиму тарбия ҳамеша пешсаф бошанд ва дар оянда барои халқу миллати худ шоиста хизмат намоянд. Ҷавонон, ки ояндасози миллатанд ҳамеша бо кору рафтори неку созандаи худ оламиёнро дар ҳайрат гузошта, обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>