Конститутсия – кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон

20181101_094025

АШТ. Рӯзи гузашта бо ибтикори Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оиди мавзӯи «Конститутсия – кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» дар ташкилоти ибтидоии театри ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт бо иштироки кормандони он дарси сиёсӣ баргузор гардид. Дарси сиёсиро раиси Шуърои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия М.Мадаминова кушода дар бораи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он маълумот дод. Баъдан оиди ин мавзӯъ аъзои ҲХДТ чонишини раиси ташкилоти ибтидоии театри ба номи М.Воҳидов Холов ба сухан баромада қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳамаи ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи мо давлати мо зина ба зина инкишоф ёфта истодааст ва мо бояд ҳамчун шаҳрвандони ин давлат барои рушду нумӯи он ҳамеша кӯшиш намоем ва саҳми худро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>