Конститутсия – ҳомии ҳуқуқҳои мо

image-0-02-06-fdc4f2627b746eaad92a5847ebe0d5d24f1425825439e230aaeb46a73884541d-V

ПАНҶАКЕНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ташхиси бойторӣ» мулоқоти кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент доир гардид. Мулоқотро мудири шуъбаи ташкилӣ Раҳматов Шерзод оғоз намуда иброз дошт, ки  ҲХДТ ҳизби бонуфузтарин  буда бо шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёси, созандагиву ободӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» амал карда истодааст. У дар рафти сухан қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 – уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурси қабул гардидааст. Бо мурури вақт бори аввал ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 – уми сентябри соли1999 ки сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳури тантана кард тағйиру илова ворид карда шуд. Сипас 22 – юми июни соли 2003 ва 22 – юми  майи соли 2016 тағйиру илова ворид карда шуд. У таъкид намуд, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд Конститутсияи хешро гиромӣ дорад, онро омӯзад ва фарзандони хешро низ омӯзонад. Зеро ҳамин қонун буд, ки миллатро аз нобудиву ҳалокат бираҳонид ва офтоби Истиқлолро бар сараш партавфишон сохт. Дар идомаи маҷлис оид ба ҳуҷҷатгузорӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ, молиявӣ ва таҷҳизонидани ҳуҷраи ҳизбӣ сухан рафт. Дар мулоқот раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Холова Ҳамида оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, бемориҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва омодагиҳо ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз дошт. Дар охир мудири шуъбаи ташкилӣ Раҳматов Шерзод кормандонро аз номи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панчакент бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда дар вазъияти тантанави ба 5 нафар ҷавонон Шаҳодатномаи хизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>