Конференсия бахшида ба даҳсолаи об

IMG_3330

ГУЛИСТОН. Дар Ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг» конференсия бахшида ба «Даҳсолаи об барои рушди устувор 2018-2028» баргузор гардид. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А. зимни баромади худ зикр намуд, ки Қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳидоид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки моҳи декабри соли 2016 дастраси ҳамагон гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли моро бори дигар ҳамчун давлати пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дод. Ин ташаббус дар наҷоти аҳли башар аз хатари беобӣ нақши бузурге хоҳад бозид. Ин иқдоми нек аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, тамоми насли башар аз он истифода хоҳад бурд. Об бузургтарин неъмати моддии оламу ҳастӣ аст ва баҳри бақою наҷоти кулли мавҷудоти зинда омили асосӣ ба шумор меравад. Об сарчашмаи ҳаёт буда, имрӯз он ба ҳимоя, тозагию покизагӣ ва сарфакорона истифода бурдан ниёз дорад. Аз ин ҷост, барои софу тоза нигоҳдории об кӯшиш намуда,  обро чун нон эҳтиром намоем. Аз  рӯи даъвату дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, оберо, ки насиби сарзамини мо аст, самаранок истифода мебарем ва нагузорем, ки обҳои тозаи кишварамон аз партовҳои маҳаллӣ ва саноатӣ нопок гарданд, зеро саломатии аҳли кишвар аз оби мусаффои истеъмолӣ сахт вобастагӣ дорад. Дар конференсия аз ҷониби муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 1 шаҳр расмҳои беҳтарин ба намоиш гузошта шуда, дар васфи об шеърҳо гуфторҳо қироат карда шуданд. Конференсия бо аксияи «Об барои рушди устувор 2018-2028» ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>