Маҳфили илмиву адабии “Аз Рӯдакӣ то Фарзона”

11111111111

СУҒД. Бо ҳамн ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ адабиётшинос муаллиф ва ровии маҳфил Саидумрон Саидов барномаро бахшида ба рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намуд:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам ,

Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.

Зи куҷо омадаам омаданам баҳри чи буд,

Ба куҷо меравам охир манамоӣ ватанам

Мурғи боғи малакутам наям аз олами хок,

Чанд рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам

Ман ба худ номадам ин ҷо ки ба худ боз равам

Он ки овард маро боз барад бар Ватанам

Саидумрон Саидов нахуст  ба суоли “Чаро ин маҳфил ба Мавлоно бахшида мешавад?” ҷавоб гуфт. Азҷумла қайд кард,ки “Нахуст инаст,ки бузургиву ҳашамати маънавии Мавлоно канор надорад.Ӯ дарёи бе соҳил аст ва дар тӯли бештар аз 800 сол аз ин баҳри маъонӣ ғаввосони илму адаб гавҳари маънӣ меёбанд ва он гавҳар бепоён асту таг надорад. Ва мо низ имрӯз мехоҳем ба ҷаҳони маънавии ӯ сафаре дошта бошем. Дигар ин аст,ки идома дод ӯ чун дар ҳамаи қарнҳову  замонҳо асри мо низ аз афроди дур аз илму адаб ва ғофил аз асли зиндагӣ ва кӯрдилу ноошно кам нестанд. Ин аст,ки тавассути расонаҳои маҷозӣ гурӯҳе аз мавлависитезон ва душманони “Маснавӣ”ба ҷониби ин шахсияти фарҳехта санг мепартояд ва абри шубҳа бар рӯи осмони софу беғубори тафаккури оламгири Мавлоно мекашанд. Ҳарчанд Мавлоно ва рӯҳи бузурги ӯ ниёзе ба дифоъ надорад вале ин маҳфил барои мо меросбарони осори ин  чеҳраи мондагор ёдрас хоҳад кард,ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ифтихори ин миллат аст ва ҷаҳон ки бо номи ӯ менозад моро садчанд масъулият дар назди мероси пурбаҳои ӯ  хоҳад буд. Сипас ровии маҳфил аз суханони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мақоми Мавлоно дар пойдории сулҳу ваҳдати олам ёд кард:  Мо, ки имрӯз аз ваҳдати миллат сухан мегӯем, бояд ба пайравӣ аз онҳо, хусусан ба афкору андешаи Мавлоно ба он саъй намоем, ки на  танҳо дар сатҳи миллат чунин маъниҳоро бо камоли масъулият дарк созем, балки омода бар он бошем, ки барои робита ва ваҳдат бо мардуми олам ва муколамаи фарҳангҳои мухталиф низ дари дил ва Ватани худро боз намоем. Фақат дар ҳамин сурат мо метавонем миллати муттаҳиди тоҷикро ба учзви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ дар сохаи фарҳангу маънавиёт, чӣ дар самти сиёсату иқтисодиёт табдил диҳем”. Сипас дар экрани видеоии маҳфил чеҳраи нуронии Устод Абдулманнони Насриддин мунавварар шуд ва аз барномаи “Офтоби маънавӣ” порчае аз андешаҳои эшон дар бораи Мавлоно садо дод:  Сипас Нуралӣ Нурзод адабиётшиноси номвар дар мавзӯи “Мавлоно  ва фарҳанги мардумӣ” маърӯза намуда аз хидматҳои Пешвои миллат дар қадршиносии ин шахсияти беназир изҳори назар кард:  “Нуқтаи авҷи изҳори иродат ва таваҷҷӯҳи шоёни Пешвои миллат ба Мавлонои Балхӣ ва мероси адабиву ирфонии вай ба бузургдошти 800 солагии ин донишвар ва орифи номовар пайванд мегирад, ки дар соли 2007 бо пешниҳоди Тоҷикистон мутобиқ бар қарори Созмони миллали муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар кишвари мо ва саросари олам таҷлил гардид. Аз ҷумла, бо ишорат ба сафарҳои хеш  ва зиёрати мазори мубораки Мавлоно ва заминаҳои барпоии маросимҳои бузургдошти шоир Пешвои мллат чунин таъкид доштаанд: “Баъди зиёрати марқади мубораки Мавлоно дар шаҳри Қуния давлати дӯсти Туркия ва дуо гирифтан аз рӯҳи ин муршиди бузургамон (дар моҳи январи соли 2006) мо ба татбиқи барномаи васеъ ва бузурги таҷлили 800- умин солгарди мавлуди Мавлавӣ дар сатҳи давлатӣ ва умумимиллӣ амалан оғоз намудем.  Сипас дар экран симои Ҳунарманди машҳури Голливуд Брэд ПИТТ  нишон дода шуд, ки дар дасташ матлаберо аз Мавлоно холкӯбӣ кардааст. Маълум шуд ки ин бозигари кино ин рубоии Мавлонро  кабудизанӣ кардааст:

Аз куфру зи ислом бурун саҳроест,

Моро ба миёни он қазо савдоест.

Ориф чу бад-он расид,  сарро биниҳад,На куфру на ислому на он ҷо ҷоест Ин аз он шаҳоҷат медиҳад,ки то кадом анҷоза олами ғарбро мафоҳим ва афкори Мавлоноасири хеш сохтааст.  Сипас дар мавзӯи “Ҷалоллиддин Балхӣ муаллими ахлоқ”. Донишманди маъруф Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода-сӯҳбати ҷолибе анҷом дод ва барои ҳозирин  як ғазали Мавлоно”Адаб аст”-ро ташреҳ  намуд.  Саидумрон Саидов  дар бораи як нусхаи “Маснавии маънавӣ”  сухан карда аз таърихи мақоми  ин китоб дар хонадони тоҷик маълумот дод. Сипас аз экран порчае аз сӯҳбати Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ки 10 сол муқаддам дар барномаи “Ганҷинаи Мавлоно”сурат гирифта буд намоиш дода шуд. Сипас дар мавзӯи “ Мавлоно ва шеъри оламгир” Фарзона- Шоири Халқии Тоҷикистон  сӯҳбати ҷолиберо анҷом дод. Мушоираи донишҷӯён Маҳина ва Шаҳноза аз ашъори Мавлоно ва Фарзона Сарояндаи хушнаво Ҳусейнҷон Юсупов ва ромишгарони факултети санъати ДДХ ба номи академик бобоҷон Ғафуров ба маҳфил ранги дигар бахшиданд.Махсусан суруд дар матни Фарзона “Мурдан намегурезад” мақтаи зебои маҳфил гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>