Мулоқоти вакил бо интихобкунандагон

viber image1212

ХУҶАНД. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар мувофиқа бо Раиси шаҳри Хуҷанд  муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагон дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ бо мақсади тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами 1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни қарорҳои иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 24 сентябри соли 2018 баргузор гардида истодааст. Мақсад аз гузаронидани вохӯриҳо дар он аст, ки вакилони шаҳрӣ оид ба қарорҳои дар иҷлосия қабулшуда ва рафти масъалаҳои мазкурро ба интихобкунандагон мерасонанд. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор №7 Маликисломӣ Наим Мунаввар бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавза баргузор гардид. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромади худ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ бештар бо мардум наздик шудану фаҳмидани мушкиливу муаммоҳои онҳо, ҳамзамон то ба интихобкунанда расонидани дастовардҳои даврони Истиқлол маҳсуб меёбад. Мавсуф аз фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад, ёдовар шуда, афзуд, ки ин тадбир барои осон намудани мушкилиҳои сокинон қадами қатъӣ буд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳамаи вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ бо мардум мунтазам мулоқот доир месозанд. Ҳамчунин, доир ба раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кӯшиш менамояд минбаъд низ чунин вохӯриҳоро мунтазам дар ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>