Деҳаамонро зебо мекунем

ҲАШАР

АЙНӢ. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия бо аъзоёни ташкилот пайваста вохӯриҳоро доир намуда, иқдомҳои созандаро пешаи худ намудааст. Ба ин муносибат тибқи нақша-чорабинии ташкилот  дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ,  баҳри нигоҳдошти ҳолати санитарии маҳалҳо ва тоза намудани гирду атрофи он аз ҳар гуна партовҳо бо иштироки ҷавонони фаъоли русто ҳашари умумӣ дар зери шиори “Деҳамонро зебо мекунем” баргузор карда шуд. Нахуст,  роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” С.Қобилов доири сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат  ибрози назар намуда, доири тозаву озода нигоҳ доштани маҳали хеш маслиҳатҳои судманд дод. Сипас, гурӯҳи ҷавонон роҳрав ва ҷуйборҳои маҳалҳои Мирон, Говухур, Писёк ва Ширинрро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Ҷоизи қайд аст, ки баъд аз ҳашарӣ умумӣ мусобиқа хобондани даст оғоз гардид. Дар рафти мусобиқа аъзоёни ташкилот маҳорати хуб нишон доданд. Устоди варзиш Каримов Сино- зимни суҳбат  доири варзишӣ хобондани даст ба шогирдон маълумот дода,  изҳори хушнудӣ аз он намуд, ки чунин чорабиниҳои судманд метавонад, ҷавононро аз ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ раҳо бахшад. Мавсуф иброз дошт, ки мо аз ҷавонони ВМКБ даъват ба амал меорем, ки фирефтаи ҳар гуна ақидаҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ нашаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мо ҷавонони кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд савияи дониш ва маърифати худро баланд бардорем ва  ба қадри  заҳматҳои бепоёни Сарвари давлат  бирасем. Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба  ҷавонони фаъол  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>