Тарбия аз остона сар мешавад

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

ШАҲРИСТОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон тибқи супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 25 октябр бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар машварати корӣ баён намуданд, чорабиниҳо доир намуда истодааст. Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда буд, ки тасмим гирифтем баҳри пешгирии ҷавонон аз корҳои ғайри қонуни ва ҳидоят намудани онҳо ба корҳои ободонию ободкори семинар машварат бо фаъолони ноҳия доир шуд. Тарбияи насли наврас  фарзи ҳар як падару модарони тоҷик мебошад. Имрӯзҳо бештар ба тарбияи фарзандон масулияти ҷидди дода истоданд, зеро он ҷавононе, ки ҳамчун бо забони оддӣ гӯем  “гӯл” мебошанд. Онҳо ҳоло гумроҳ ҳастанд, он чизе, ки мебинанду мешунаванд зуд ба худ  мегиранд ва ба мафкураи онҳо ҷо мешавад, мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем, ба чунин ақидаҳои бадфикрон олудаву ошуфта нагарданд. Бо такя ба дастгирию ҳидоятҳои сулҳдӯстонаи давлатамон ҷавонони кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тамоми қувваи худро баҳри азхуд намудани дониш ва ба кори ободонӣ , тинҷиву осудагии диёри маҳбубамон сафарбар намоянду соҳиби касб ва ихтисосҳои  замонавӣ гашта, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳм гузоранд. Зеро тарбия аз остона сар мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>