Омӯзиши фаъолият

IMG_2919

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А. ҳуҷҷатнигории Ташкилоти ибтидоии “Ширкати кӯҳи саноатии Тоҷикистону Хитой”-ро мавриди омӯзиш қарор дод. Бояд зикр намуд, ки ташкилотҳои ибтидоӣ “Ширкати кӯҳи саноатии Тоҷикистону Хитой” калонтарин ташкилот буда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ тибқи дастурамали ҳуҷҷатгузорӣ корбарӣ менамояд. Ташкилоти ибтидоӣ  дорои утоқи алоҳидаи кории  ҳаматарафа ҷиҳозонида аст. Ҳуҷҷатгузорӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизб ба роҳ монда шудааст. Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Низомнома оид ба тартиби ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи корӣ мавҷуд аст.  Маҷлисҳои ҳисоботӣ гузаронида мешаванд. Ҳисоботҳо, протоколҳо дар ҷувздонҳои алоҳида дӯхта шудаанд. Кор дар самти баргузор намудани вохӯриҳо, соатҳои сиёсӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ низ ба назар мерасанд. Мудири шуъбаи кор бо занон дар самти беҳбудӣ ва камбудиҳои кор бо Раиси ташкилоти ибтидоии “Ширкати кӯҳи саноатии Тоҷикистону Хитой”  ҳамсуҳбат гашта, ёрии методию корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>