Як рӯзи кӯдакистон

DSC_0577

АШТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бахшида ба ҳар як ҷашнвораҳои миллӣ ва давлатӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои давлатии тарбиявии томактабии ноҳия барномаҳои рангини идона таҳти унвони “Як рӯзи кӯдакистон” пешкаш гардида, ин иқдом дар байни муассисаҳои мазкур рӯз аз рӯз ба худ сатҳу сифати нав пайдо намуда истодааст. Рӯзи гузашта дар толори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбиятгирандагони кӯдакистони №4, ҷамоати деҳоти Понғоз барномаи идонаи худро манзури ҳозирин намуданд. Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроия Б.Зиёӣ ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро ба ин ҷашни пурарзиш муборакбод намуд. Баъдан зикр карда шуд, ки таълиму тарбияи ҳар як фард аз ин макони тарбия оғоз гардида, имрӯзҳо кӯдакони даврони соҳибистиқлоли кишвар ҳама истеъдоду дониши хуб доранд. Ва сайқали ин истеъдод аз мураббияҳо вобастагии калон дорад. Баъдан аз ҷониби тарбиятгирандагон ба ҳозирин шеърхонӣ, суруду рақсҳои ҷолиб, саҳнача ҳадя карда шуд. Дар интиҳо ба кӯдакон тӯҳфаҳо тақдим гардид. Боиси зикр аст, ки дар чорабинии “Як рӯзи кӯдакистон” дар қатори 140 нафар даъватшудагон 42 нафар волидон аз маҳорату малакаи фарзандонашон дилхуш гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>