Ҳамкории мутақобилан судманд- омили пешгирии падидаҳои номатлуб

1541161810_5bdc43528effd

КОНИБОДОМ. Имрӯзҳо тибқи ҷадвали вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бо аҳли ҷамоатчигӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, чунин вохӯрӣ рӯзи гузашта дар шаҳри Конибодом доир гардид, ки бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолону зиёиён, аҳли маориф, фаъолони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллӣ, сарварону омӯзгорони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагону ходимони дин сурат гирифт. Дар мулоқот Ғаффорзода Нигорахон –сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Набиев Мирзотоҳир — мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Саидзода Баҳром-сардори шуъбаи бақайдгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ноболиғон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.  Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғаффорзода Нигорахон баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти падидаҳои номатлуб, алалхусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин аз муҳити оила ва ҷомеа дур мондани онҳост. Ӯ ҳамчунин, изҳороти бонувони вилояти Суғдро оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизму терроризм ба самъи ҳозириин расонида, дастур дод, ки шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкориро бо шӯрои занони ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо пурзӯр намуда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида шаванд. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Набиев Мирзотоҳир дар хусуси аз ҷониби масъулин пайваста баргузор гаштани вохӯриву мулоқотҳои судманд дар самти пешгирии ин омилҳои номатлуби ҷомеа ҳарф зада, ҳифзи амният ва суботи сиёсиро амри зарурӣ дар ин ҷода арзёбӣ кард. Саидзода Баҳром-сардори шуъбаи бақайдгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ноболиғон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд низ ба сухан баромада, аз қурбони терроризм гаштани ҷавонон дар ин ё он минтақа ҳарф зад. Пеш аз ҳама ҳар як ҷавон ҳушёр буда, сабабу омили шахсони ифротгар ва гуруҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Дар фарҷом иштирокдорони мулоқот андешаҳояшонро бобати мавзуъ иброз доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>