Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мадди аввал

image-0-02-06-340c41a877507139009139c67e3909c8f57a94def296d736af94f9394e3d7b75-V

ПАНҶАКЕНТ.  Дар маҷлиси машваратии назди раиси Кумитаи иҷроия, ки бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоӣ доир гардид, сараввал дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон дар вилояти Суғд, санаи 25.10.2018 оид ба натиҷаи фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар нӯҳ моҳи соли равон мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроия тасмим гирифт, ки корҳои тарғиботиро ба муносибати таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти    давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, корҳои ободонӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии бемории сироятии ВНМО, ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро зиёд менамояд.  Ба нақша гирифта шуд, ки дар мавзӯҳои муҳими рӯз ҳарчи бештар бо аҳолӣ дар ҷойҳо ва мавзеҳои дурдаст мулоқотҳо ташкил карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>