Бахтномаи миллат

заф1

ЗАФАРОБОД. Дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар беморхонаи марказии ноҳия бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия мулоқот ташкил карда шуд.  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Т Шарифов  кормандони соҳа- пайравони Синоро ба ин санаи фархунда муборакбод намуда, истифода аз фурсат миннатдории Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро бобати саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ба масъулони соҳа расонид. Аминҷон Зарифӣ- аъзои гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар сухаронии худ аз таърихи пайдоиши Конститутсия ва истифода дар таҷрибаи давлатҳои пешрафта ёдовар шуд.  Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз баромади нотиқон таасуроти хуб бардошта таъкид намуданд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бахтномаи ва санади ҷомеасози кишвари азизи мо маҳсуб меёбад. Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ донишҷуёни фаъоли  коллеҷи тиббии ноҳия ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>