Санади тақдирсоз

IMG_2969

ГУЛИСТОН. Дар Ташкилоти ибтидоии шаҳраки Зарнисор бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯрӣ таҳти унвони «Конститутсия бахтномаи миллат» бо иштироки фаъолони ҳизб, занон, ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ Раиси Кумиҷроия Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода дар мавзӯъи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсоз аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамоми арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон эълон шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандонамон дар татбиқи меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва риояи бечунучарои он кафолатдода, чун раҳнамои ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷикон ва тоҷикистониён хизмат менамояд. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А. оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромад намуда, таъкид кард, ки падару модарон нисбати тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд. Оҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, ифтихор ба Ватани худ, масъулиятшиносӣ тарбия намуда, ҷавононро ба он даъват намоянд, ки ҷиҳати фарогирии донишҳои технологии ҷадид, забони хориҷӣ, омӯзиши компютер  саъйю талош кунанд ва ҳамчун мутахассисони  ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ ба воя расонда, барои Тоҷикистони азизи худ саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар итмоми вохӯрӣ фаъолони шаҳраки Зарнисор ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>