Конститутсия –асоси пешрафт ва рушду нумӯи ҷомеаи имрӯза

20181102_125613

КОНИБОДОМ.  Таҳти  чунин унвон дар толори коллеҷи технологии шаҳри Конибодом  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  мизи мудаввар бахшида ба рӯзиКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд. Дар он мудири бахши ҷавонон –Бобоева Ш, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо , намояндагони раёсати маориф, тандурустӣ, рӯзномаи маҳаллӣ ва чанде дигарон ширкат варзиданд. Нахуст муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом –Хуршедахон Холматова ба сухан баромада, оиди самтҳои гуногуни  Конститутсия суханронӣ намуда аз ҷумла чунин ирози ақида намуд: «Санаи 6-уми ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз ҳамон рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонқабул гардидааст, ки имсол мо 24-солагии онро ҷашн мегирем…» Мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр –Шаҳноза Бобоева сухан карда, оиди моддаҳои  65 ва 68, 85-и Конститутсияи ҶТ оиди ба вазифаҳои пешбаранда таъин намудани ҷавонон ва масъалаҳои марбут ба ҷавонон ибрози ақида намуд. Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи коллеҷи технологии шаҳр –Назирова перомуни таѓйироту иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Омӯзгори ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 Мамаяров М оиди таърихи Конститутсия ҳарф зада, ба ҳаёти имрӯзаи ҷавонон мутобиқ намуда,мисолҳо овард. Омӯзгори ҷавони коллеҷи омӯзгории шаҳр –Хидирова Ш маърӯзаи худро таҳти унвони« Конститутсия-санади муқаддасу тақдирсози миллат» ба самъи ҳозирин ироа намуд. Сипас намояндаи раёсати маорифи шаҳр Олимова оиди боби сеюми Конститутсия суханронӣ намуд.  Донишҷӯён низ рафти чорабинӣ хеле фаъол буданд ва фикрҳои якдигарро тақвият доданд. Бо аҳли ҷамъомадагон суоли ҷавоби судманд оиди Конститутсияи ҶТ сурат гирифт.  Маърӯзаву баромадҳо  санади муҳими таърихӣ будани Конститутсияро бори дигар собит сохта, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия хохад сохт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>